Ҳуқуқи мизоҷ
Ҳуқуқи мизоҷ
Ҳар як мизоҷи ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ҳуқуқ дорад, ки оид ба сифати хизматрасонии бонк арзу шикоятҳоро ба бонк ирсол намояд. Арзу шикоятҳои Шумо барои рушди минбаъдаи фаъолияти бонк ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ равона карда мешаванд.
Маълумот оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон
Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар ҶСК “ Коммерсбонки Тоҷикистон” дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст. Баррасии ҳамаи арзу шикоятҳои мизоҷон дар муҳлатҳои муқаррар намудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” баррасӣ карда мешавад.
Ҳама шикоятҳо дар давоми 30 (сӣ) рӯз, вале шикоятҳое, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 (понздаҳ) рӯз аз рӯзи бақайдгирии шикоят баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонк муҳлати баррасии шикоятҳоро ба муҳлати на бештар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ тамдид намуда, дар ин хусус муроҷиаткунандаро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ огоҳ менамояд.
Маълумот дар барои тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла мавриди шикоят қарор гирифтани амали (беамалӣ) кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, бо зикри маълумот барои тамос (телефон, суроға, ному насаб) бо шахсони масъули ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба онҳо истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат карда метавонанд
ҶСК “ Коммерсбонки Тоҷикистон” муроҷиатҳои мизоҷонро (арзу шикоятҳоро) дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ қабул мекунад.
Ба арзу шикояти хаттӣ дохил мешавад:
• Арзу шикояте, ки дар намуди қоғазӣ (дастӣ ё электронӣ) ва ҳам ҳангоми қабули шахсӣ ва/ё тавассути почтаи электронӣ ворид гардад;
• Арзу шикоят тавассути почтаи электронии расмии Бонк;
• Ҷойгир кардани арзу шикоят дар китоби арзу шикоятҳои воҳидҳои сохтории Бонк;
• Арзу шикоят дар сомонаи расмии Бонк;
• Арзу шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет), яъне саҳифаҳои Бонк ё дигар саҳифаҳое, ки ба онҳо Бонк номнавис шудааст.
Ба арзу шикояти шифоҳӣ дохил мешавад:
• Арзу шикояти телефонӣ ба Маркази тамоси Бонк тариқи занги телефонӣ ба рақами 2200.
• Руйхати роҳбарияти Бонк (Раиси Раёсати Бонк, директорони филиалҳои бонк)
Бояд қайд кард, ки дар ҶСК “ Коммерсбонки Тоҷикистон” сохтори алоҳидаи масъул оид ба муроҷиатҳои (арзу шикоят) мизоҷон фаъолият дорад.