31 октябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пасандоз

Рӯзи ҷаҳонии пасандоз дар Тоҷикистон

31 октябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ҷашн гирифта мешавад, ки ҳадафи он тарғиби ғояи пасандоз ва истифодаи оқилонаи маблағҳои пулӣ мебошад.

Имсол бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар саросари кишвар чорабиниҳои марбут ба тарғиби пасандозҳо баргузор шуданд. Ба ҷавонон диққати махсус дода шуд, зеро муносибати дуруст бо маблағҳо бояд аз хурдӣ омӯзонида шавад.

Чорабиниҳо шаҳрҳо ва минтақаҳои дурдастро фаро гирифтанд, ки дар онҳо масъалаҳои саводнокии молиявӣ, пасандоз ва идоракунии маблағҳо баррасӣ гардиданд. Донишҷӯён инчунин аз Осорхонаи пули Бонки миллии Тоҷикистон дида намуданд, то дар бораи пайдоиш ва таҳаввулоти пули миллӣ маълумот гиранд.