Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 5-солагии фаъолияти Коммерсбонки Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 8 июни соли равон, дар ноҳияи.Нуробод шаҳраки Дарбанд фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро кушод.
Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Маросимро муовини Раиси Раёсати Бонк Сангинов Далер ва муовини Раиси ноҳия Файзулло Қосими кушода, кормандони Марказ ва иштироккунандагонро бо оғози фаъолияти бонкӣ табрик намуданд.
Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои Чумҳурӣ 10 филиал ва 58 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд.