Рӯзҳои 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон форуми самоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он Раиси Раёсати ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон» муҳтарам Раҷабов Эраҷ Ҳабибуллоевич иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ ва як қатор вазорату идораҳои кишвар ва аз ҷониби Британия намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфуз иштирок карда, оид ба рушд додани ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак заминаи мусоид гузоштанд.
Дар форуми мазкур ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон» низ барои баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандони ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон» санаи 28 март бо роҳбари Ширкати байналмилалии мутобиқатӣ (ICA) муҳтарам Роб Филипсон ёддошти созишии ду тараф ба имзо расониданд, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавобгуй ба талаботҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.