1. Иштирокчиёни иқдом
- Ҳамаи воҳидҳои бонкӣ.
- Қабулкунандагони интиқолҳои маблағ аз рӯи ҳамаи каналҳои мавҷудаи интиқол — НПСР (бо нақд), ба ҳисоби «ФАВРИ» ва ба корти «Корти миллӣ» аз Коммерсбонки Тоҷикистон.
2. Мӯҳлати иқдом ва вақти бурди туҳфаҳо
- Аз 10 ноябр то 31 декабри соли 2025, ба ифтихори «Соли Нав». Тахминан рӯзҳои 3–4 январи соли ҷорӣ бурди туҳфаҳо баргузор мегардад.
3. Шартҳои иштирок дар аксия
- Ҳангоми гирифтани интиқоли маблағ беш аз 400 сомонӣ, ба ҳисоби «ФАВРИ» ё ба корти «Корти миллӣ» аз КБТ, ба мизоҷ ID – коди нодир дода мешавад ва мизоҷ ба таври автоматикӣ иштирокчии аксия мегардад.
- Барои ҳар интиқоли маблағ, ки аз ҳадди муқарраршуда зиёдтар аст, мизоҷ ID – коди нав мегирад. Миқдори ID – кодҳо маҳдуд нест.
- Дар сурати бурди яке аз ID – коди мизоҷ, ҳамаи ID – кодҳои дигари ҳамон мизоҷ бекор карда мешаванд.
- Шартҳои аксия, бурд, гирифтани тӯҳфаҳо, инчунин дигар шартҳо ҳатман дар сомонаи Бонк ва саҳифаҳои расмии Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд.
4. Хулосабарории натиҷаҳои аксия
- Натиҷаҳои аксия дар рӯзҳои пешакӣ таъиншуда, тибқи банди 2 – и тартиби мазкур ҷамъбаст мегарданд.
- Тӯҳфаҳо мувофиқи эҳтиёҷоти минтақа дар воҳидҳои муайяншудаи Бонк тақсим карда мешаванд.
- Муайянкунии ғолибон бо истифода аз сервис – генератори рақамҳои тасодуфӣ random.org ва лототрон ба роҳ монда мешавад.
- Дар вақти гузаронидани розигриш ҳузури комиссия аз ҳисоби худи мизоҷони даъватшуда шарт ва ҳатмӣ мебошад.
- Мизоҷони фаъолтарин ҳамчун иштирокчиён барои рӯзи ҷамъбасти натиҷаҳо даъват карда мешаванд.
- ID – кодҳои бурдноки ҳар марҳила ҳатман дар сомонаи Бонк нашр карда мешаванд.
5. Шартҳои бурди тӯҳфаҳо
- Дар ҳар марҳила мизоҷ – иштирокчии розигриш метавонад соҳиби танҳо 1 тӯҳфа гардад.
- Дар сурати бурди яке аз ID – кодҳо, ID – кодҳои дигари ҳамон мизоҷ бекор карда мешаванд.
- Агар Бонк дар давоми 10 рӯзи кори аз рӯзи эълон бо ғолиб тамос гирифта натавонад, бурди тӯҳфаи мазкур бекор дониста шуда, ба марҳилаи навбатӣ интиқол дода мешавад.
- Агар ин марҳилаи ниҳоӣ бошад, пас аз гузаштани 10 рӯзи кори, тӯҳфаи мазкур бекор шуда, миёни иштирокчиёни дигар тавассути саҳифаҳои расмии Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз тақсим карда мешавад.
- Ҳар тӯҳфа бо тартиби тартиб додани Акт–и қабул – супурдан миёни ду тараф ба ғолиб ҳуҷҷатӣ супорида мешавад.

