Кушода шавии МХБ дар шаҳри Истаравшан вилояти Суғд

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Мо сарҳадоти хизматрасонии худро васеъ намуда истодааем. Имрӯз, 9 феврали соли равон, дар шаҳри Истаравшан вилояти Суғд дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард.

Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон“ ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.

Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.

Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 50 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд, ки хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкиро ба аҳолии манотиқи кишвар дастрас менамоянд.

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – #моҳамроҳ!