СУҒУРТАКУНИИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО
ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” узви Хазина суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон
ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” аз 28 ноябри соли 2017 мувофиқи "Тасдиқнома дар бораи узвият" таҳти №058 - узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва мувофиқи ”Тасдиқнома дар бораи узвият” аз 19 июни соли 2023 таҳти №58 узви Хазинаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар бораи Хазинаи суғурта
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” таъсис дода шуд ва соли 2023 мувофиқи тағйиротҳои воридгардида Қонуни номбаргардида - “Дар бора суғуртаи амонати пасандозҳо” ном гирифт ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Хазинаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳоло ба ғайр аз шахсони воқеъӣ боз амонату пасандозҳои соҳибкорони инфиродӣ, соҳибкорони хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғуртаи ҳатми фаро гирифта мешаванд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ) ба маблағи то 35 000 сомонӣ зиёд карда шуд.
Ҳадафи асосии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон - ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ҳадафи асосии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон - ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муфассал дар бораи Хазинаи суғуртаи Амонату пасандозҳои Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он метавонед аз сомонаи ХазинаиCуроғаи почтаи электронии report@dif.tj