Суғуртаи пасандозҳои шахсони
Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ чист?
Низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маҷмӯи чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад.
Ҳадафи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад. Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) фаъолият менамояд. Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ-узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амал менамояд.
Мақсадҳои Хазина инҳоянд:
- Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
- Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Маълумот барои тамос:
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кӯч.Маяковский 77/2
Сомонаи Хазина: www.idif.tj
Телефон барои тамос: +992 44 600-32-45
Суроғаи электронӣ: info@idif.tj
Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғуртавии Хазина
Пасандозҳои шахсони воқеӣ ба таври автоматикӣ суғурта карда мешаванд ва аз ҷониби пасандоздор шартномаи суғуртаро талаб намекунад. Объекти суғурта пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
- пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ пасандоздор ҳуқуқ дорад;
- пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
- пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
- пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
- пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ;
Ҷуброни пули суғурта
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ, мутобиқи Қонун, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо чунин мебошад:
- бо пули миллӣ на зиёда аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- бо асъори хориҷӣ на зиёда аз 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар тибқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.
Пардохти ҷубронпулии суғурта
Пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина оиди бонк-агент, ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор менамояд. Эълон инчунин дар даромадгоҳи бинои бонк-агент ва ташкилоти қарзии барҳамдодашуда, инчунин дар сомонаи расмии Хазина www.idif.tj ҷойгир карда мешавад.
Пардохтҳои ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо на дертар аз 14 рӯзи тақвимӣ пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ оғоз мегардад. Пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути бонк-агент дар асоси аризаи пасандоздор, дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад.
Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздор (аризадиҳанда) бояд дар давоми як сол аз рӯзи рух додани ҳолати суғурта ба бонк-агент муроҷиат кунад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- Ариза дар шакли муқарраршуда (ба пасандоздор дар бонк-агент пешниҳод мегардад);
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти пасандоздор;
- Шартномаи пасандози бонкӣ;
- Ваколатнома, агар аз номи пасандоздор намояндаи қонунӣ муроҷиат намояд.
Барои маълумоти пасандозгузорон
1.Ташкилоти қарзиеро, ки мехоҳед дар он пасандоз гузоред омӯзед
Боварӣ ҳосил намоед, ки ташкилоти қарзие, ки дар он Шумо мехоҳед пасандоз гузоред узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад ва дорои Тасдиқномаи узвият дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аст.
2. Маълумоти шартномаи пасандозиро аз назар гузаронед
Бо диққат бинед, ки ному насаб, маълумоти шиноснома, суроға ва рақами телефон дар шартномаи пасандозӣ дуруст дарҷ гардидааст ва ҳамеша ба ташкилоти қарзӣ оиди тағйиротҳои ба амал омада маълумот диҳед, то ин ки ҳангоми пардохти ҷубронпулии суғурта бо Шумо бо осонӣ тамос гиранд. Аз ташкилоти қарзӣ оиди суғурта шудани пасандозҳои худ дар Хазина маълумот дархост намоед.
3. Дар хотир гиред, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
- пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзӣ пасандоздор ҳуқуқ дорад;
- пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
- пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
- пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
- пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ;
4. Хавотир нашавед ва дар хотир доред
Барои гирифтани ҷубронпулии суғурта кадом вақте, ки ба Шумо муносиб аст муроҷиат намоед – барои ин як сол доред. Агар имконият бошад рӯзи аввал барои гирифтани ҷубронпулии суғурта шитоб накунед – зеро дар бонк-агент метавонад навбати зиёд бошад. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
- агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта, қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
- дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.
Тасдиқномаи ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар бораи узвият дар хазина Тасдиқнома