Овердрафт
Овердрафт – қарзи кӯтоҳмуддат барои шахсони воқеӣ ба корти қарзии бонкие, ки ба он мунтазам даромади пулӣ (музди меҳнат ё пардохтҳои ба он баробар кардашуда) ворид мегардад, мебошад. Дар баробари ин, фоизҳо танҳо ба маблағи аз ҷониби дорандаи корт сарфшуда ҳисоб карда мешаванд.
Афзалият
Танҳо ба кортҳои ОАО «Коммерцбанк Таджикистана, ки барои музди меҳнат муқаррар карда шудаанд, бо давомнокии камтар аз 3 моҳи пурра, пешниҳод мегарданд.
- Меъёри овердрафт - 0,12% дар як рӯз;
- Ҳаҷми овердрафт - 40% аз маблағи музди меҳнат;
- Баррасии дархост дар давоми 30 дақиқа.
Шартҳо
- Пардохти харид ва хизматрасониҳо бо захираҳои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар ҳолати норасогии маблағҳои худӣ.
- Ихтиёрдории озоди молиявӣ. Маблағҳоро мумкин аст ба харидҳо сарф кард, ё пули нақдро дар дилхоҳ банкоматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе пардохти хироҷ барои гирифтани пули нақд, қабул кард.
- Қабули осону қулай.
Овердрафт ба музди меҳнат аз қарзи оддӣ бо дастрасии босуръат ва осонии ба расмиятдарорӣ, фарқ мекунад.
Овердрафт ба таври автоматикӣ пас аз гузаронидани маблағҳои пулӣ ба корти бонкӣ (музди меҳнат ё пардохтҳои ба он баробар), адо карда мешавад.
Механизми корбарӣ
Масъалан, дар корти қарзӣ 100 сомонӣ аз маблағҳои худӣ ва 100 сомонӣ аз маблағҳои қарзӣ мављуданд. Барои харид Шумо 120 сомониро харљ кардед. Дар тавозуни корт 80 сомони бақия мемонад ва қарз 020 сомониро ташкил медиҳад. Маҳз аз ҳамин маблағи қарз, пардохти фоизҳо амалӣ мегардад. Овердрафт ба таври автоматикӣ ҳангоми гузаронидани маблағҳои пулии навбатӣ (масъалан, музди меҳнати навбатӣ), адо мегардад.