SMS – бонк

SMS - Banking – ин хизматрасоние мебошад, ки ба шумо имконияти дар бораи ҳолати маблағҳои дар корти худ доштаатон дар реҷаи вақти воқеӣ ва бо истифодабарии телефони мобилӣ, огоҳ буданро фароҳам меорад.

Мизоҷоне, ки ба хизматрасонии «SMS - Banking» пайваст шуданд, метавонанд амалиётҳои зеринро иҷро намоянд:

  1. 1. Balance xxxx - Дархости дидани тавозуни суратҳисоб;
  2. 2. Active xxxx - Фаъол гардонидани корт;
  3. 3. Deactive xxxx - Аз фаъолият боздоштани корт;
  4. 4. Notifyoff xxxx - Қатъ кардани хабарҳо дар бораи корт;
  5. 5. Notifyon xxxx - Фаъол гардонидаи хабарҳо дар бораи корт;
  6. 6. Rate xxxx - Қурби асъор;
  7. 7. xxxx - Рўйхати фармонҳои имконпазир;

xxxx – дар матни хабар ин чор рақамҳои охири корти пластикӣ аст, ки ба хизматрасонӣ пайваст шудааст. Фармонҳоро дар намуди SMS –хабарҳо ба рақами 5151, равон кардан лозим аст.

Барои истифода бурдани функционали мазкур, пардохти маблағи абонентиро дар ҳаҷми 3 (се) воҳиди шартӣ дар як сол пардохт кардан лозим аст. Пайваст шудан ба хизматрасонии «SMS - Banking», метавонад дар саридора ё дар ҳамаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии ташкилоти мо, сурат гирад.