Лоиҳаи музди меҳнат
ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон": Соҳибимтиёз будани кормандон барои ширкат муфид мебошад.
Лоиҳаи музди меҳнат ташкилоти шуморо аз зарурияти гирифтани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб, амалӣ кардани ҳисобкунӣ ва додани музди меҳнат ба кормандон бо пули нақд, озод мекунад. Ба ғайр аз сарфаи вақт, лоиҳа инчунин бехатар мебошад, ки омили муҳим аз ҷиҳати овардани маблағҳои пулӣ ба идораи ташкилоти шумо ба ҳисоб меравад.
Нисбати қулай ва бароҳат будани лоиҳа барои худи кормандон бошад, кормандони Шумо метавонанд музди меҳнати худро аз дилхоҳ банкоматҳо, бо ёрии кортҳои пардохт, дар давоми 24 соат, 365 рўз дар як сол, бигиранд ва инчунин пардохти ғайринақдиро барои харидории мол/хизматрасониҳо тавассути «Бонки Мобилӣ» ва пос-терминалҳои дар нуқтаҳои гуногуни тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ гузошташуда, амалӣ гардонанд.
Афзалияти лоиҳаи музди меҳнат барои ташкилоти Шумо
- Пастгардонии хавфҳои қабул, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли пулҳои нақде, ки барои кормандон муқаррар карда шудаанд;
- Ихтисор кардани шумораи кормандон дар муҳосибот ва хазина;
- Халос хурдан аз навбатҳои дароз барои гирифтани музди меҳнат;
- Ба таври ғайринақдӣ пешниҳод кардани маблағҳои барои хароҷоти сафарҳои корӣ муқарраршуда;
- Таъмини махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи музди меҳнати алоҳида.
Афзалияти лоиҳаи музди меҳнат барои кормандони ташкилоти Шумо
- Дастрасии шабонарўзӣ ба ҳисоб;
- Пардохти ғайринақдӣ барои мол/хизматрасонӣ, тавассути пос-терминалҳо, ки дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии гуногун гузошта шудаанд;
- Онлайн-назорати корт, интиқол, пардохти хизматрасониҳо дар зербарномаи «Бонки Мобилӣ» ва дар сомонаи банк;
- Бехатарии маблағҳои пулӣ дар ҳисоби кортӣ ҳангоми гум кардани корт;
- Тўли 24 соат қабул кардани музди меҳнат тавассути банкоматҳо;
- Таъмини махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи ҳисоби кортӣ.