Тавсифи расмии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” оид ба таҳрим

Дар робита ба маълумот оид ба ворид намудани ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба рӯйхати таҳримии Иттиҳоди Аврупо, мавриди қайд аст, ки то ворид шудан ба руйхати таҳрим ва айни замон низ ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”дар амалиётҳои таҳти таҳрим қарордошта ё дорои хавфдошта дахл надорад ва иштироки миёнаравӣ накардааст. ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ҳамеша ҳамаи санадҳои қонунгузории байналмилалии татбиқшаванда, қонунҳои дохилӣ ва низомҳои таҳримотиро риоя мекард ва менамояд.