Саҳми Коммерсбонки Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии хонандагон

 

21 октябри соли 2020 Коммерсбонки Тоҷикистон Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмиалии Олмон барои саҳми шоиста, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии хонандагон дар доираи маҳфили иқтисодии “Саёсат дар ҷаҳони иқтисодиёт” дар соли хониши 2019-2020 гирифт.   

 Бояд қайд кард, ки ҳамасола Коммерсбонки Тоҷикистон дар чорабиниҳои вобаста ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолии кишвар, ташкили Рӯзҳои байналмиалии амонат фаъолона иштирок намуда, дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёна мунтаззам семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Мехоҳем минатдории худро ба Бонки миллии Тоҷикистон ва Sparkassenstiftung für internationale Kooperation e.V. Tadschikistan барои ин мукофот изҳор намоем ва хоҳони он ҳастем, ки дар оянда низ дар ҳамин раванд ба мувафаққиятҳои нав ба нав ноил гардем.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ин баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шахрвандони кишвар мебошад.

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – #МоҲамроҳ!