Аз санаи 27-ум то 31-уми марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмиллалии молиявӣ-бонкӣ , бо ташкилии Бонки Миллии фаъолияти тиҷоратӣ-хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои молиявӣ - бонкии ИДМ ва ташкилоти агентии рейтингии SAIPRO бо дастгирии Вазорати молия ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур аъзои Шӯрои нозирони бонк Саидмурадов И.Ҳ. ва и.в Раиси Раёсати ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” Кадыров М.М. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии иштироки Роҳбарияти бонк дар Форуми мазкур, ин шиносоӣ ва мулоқотҳо бо Роҳбарони бонкҳои Узбекистон ва Федератсияи Русия, муайян намудани шарту шароит барои рушди ҳамкории судманд, аз ҷумла кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва ба роҳ мондани маблағгузории тиҷоратӣ буд. Зимни баромади аъзои Шӯрои нозирони бонк Саидмурадов И.Ҳ. зиёда аз 450 мутахассисони соҳаи молиявӣ, ки аз он 170 нафар мутаххасисони хориҷӣ аз 21 давлат мебошанд, оиди бонки навтаъсис ва пешрафти он дар бозори бонкӣ, мақсад ва стратегияи дурнамои он шиносоӣ пайдо намуданд. Инчунин дар майдони форум аз тарафи роҳбарияти "Коммерсбонки Тоҷикистон" гуфтушунидҳои дуҷониба бо роҳбарони як қатор муассисаҳои молиявии кишварҳои ИДМ ва Аврупо сурат гирифт.