Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати сармоягузорӣ ва саводи хориҷӣ ва палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он Коммерсбонки Тоҷикистон иштирок варзид.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомотҳои давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар доираи вохӯриҳои дутарафа Муовини Раиси Коммерсбонки Тоҷикистон Тимур Ёрибек бо намояндагони Бонки миллии фаъолияти хориҷии Ӯзбекистон вохӯрӣ гузаронид.

Дар вақти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи нав баромада, зиёд гардидани савдои хориҷӣ ва ҳамкориҳои соҳибкорони кишварҳо нишонаи вусъат бахшидани муносибатҳои судманд байни низоми бонкии кишварҳо гардидааст. Муносибатҳои стратегии байни давлатҳо ва зиёд гардидани гардиши савдоро ба инобат гирифта, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба Бонки миллии фаъолияти хориҷии Ӯзбекистон оиди расонидани ёрии амалӣ барои ҷорӣ намудани ҳамкории байнибонкӣ дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, амалиётҳои бонкӣ ва маблағгузории савдо бо низоми бонкии Ӯзбекистон, муроҷиат намуданд.

Дар охири вохӯрӣ қайд гардид, ки ҷонибҳо оиди ҷорӣ намудани муносибатҳои тарафайн омода ҳастанд ва барои расидан ба мақсад аз ҳамаи фишангҳо истифода менамоянд.

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!