ҶСК «Коммерсбонкии Тоҷикистон» дар ҳамабастаги бо ҶСП «Маркази технологияи молиявӣ» лоиҳаи васеи гузариш ба низоми нави автоматии бонкиро (AБС) бомуваффақият анҷом дод.
Низоми нави автоматии бонкии пештара(АБС) ба системаи Маркази технологияи молиявӣ “ЦФТ-Банк” иваз карда шуд, ки ба стандартҳои баланди тиҷорати бонкии муосир мутобиқат карда шуда, ба рушди минбаъдаи Бонк дар таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ва самараноки равандҳои амалиётӣ мусоидат менамояд.