Коммерсбонки Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маркази савдои

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Мо ҳаракат карда истодааем, ки бо замона ҳамқадам бошем. Имрӯз, 29 сентябри соли ҷорӣ, Коммерсбонки Тоҷикистон дар маҷлиси машваратӣ ва намоишгоҳ, ки дар Маркази савдои “Кушониён” дар сатҳи баланд бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузаронида шуд, иштирок намуд.

Маҷлиси машваратӣ ба масъалаи имтиёзҳо барои соҳибкорон ва рушди фаъолият тиҷоратӣ бахшида шудааст. Дар ин раванд нуқтаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои шиносои пайдо намудани соҳибкорон ва меҳмонон аз фаъолияти Бонк, инчунин утоқи қабули пардохтҳои андозӣ аз соҳибкорон барои пардохи андозҳо дар дохили Маркази савдо кушода шуд. Мутахассисони Бонк тамоми ҳозиринро бо хизматрасониҳо ва маҳсулҳое, ки Бонк пешниҳод менамояд шинос карданд.

Дар маҷлиси машваратӣ Муовини Раиси Раёсати Бонк Тимур Ёрибек баромад намуда, ба соҳибкорон, меҳмонон ва намояндагони ВАО аз фаъолияти Коммерсбонки Тоҷикистон ва оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, интиқоли пулӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ, маълумот пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки дар ҳудуди Маркази савдои “Кушониён” 2 Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонк фаъолият менамояд, ки аз хизматрасонии онҳо метавонанд соҳибкорон ва меҳмонони Маркази мазкур метавонанд истифода намоянд. 

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!