Имрӯз, мутахассисони ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар вебинар дар мавзуи “баҳодиҳии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ”, ки бо ҳамкории якҷояи Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ташкил гардид, иштирок намуданд.
Вебинари мазкурро, ки машваратчии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Павел Шуст дар мавзӯъи баҳодиҳии хавфҳо оиди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм, ки ташкилотҳои қарзи пеш аз ҷорӣ намудани маҳсулҳо ва хизматрасониҳои нав ҳатман ба инобат бигиранд гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии хавфҳо, ҷанбаҳои муҳими он, дар асоси тавсияҳои Гурӯҳи чораҳои молиявӣ ФАТФ, ки боиси баланд шудани дараҷаи онҳо мегарданд ва бояд ба назар гирифта шавад, баррасӣ карда шуд. Ҳамчунин баҳодиҳии хавфҳо, дар амал низ татбиқ карда шуд. Кормандони мо маълумотҳои даркориро, ки барои пешбурди кори онҳо зарур аст, аз вебинарӣ мазкур дарёфт намуданд.
ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон» барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони худ ҳозир аст, ҳамеша дар чунин чорабиниҳо иштирок намояд.