Мо - мардуми шарифи Тоҷикистон бо меҳру самимият ва садоқати беандоза ба Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамеша фаъолияти хешро зери роҳбарии ҳизби Халқӣ - демократии Тоҷикистон ба роҳ мемонем.
Санаи 11 феврали соли равон дар ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" маҷлиси муассисони ҲХДТ ҷиҳати таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид ,ки дар он ба 16 нафар кормандони фаъоли Бонк шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.Ҳамзамон , ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда ,,Коммерсбонк" номгузорӣ карда шуд.Бо ҷонибдории аксарияти аъзоёни ҳизб Ҳайдаршо Сӯфишоев раис ва Илҳом Сироҷов муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.Имрӯз мо аз ин фурсат истифода бурда, аъзоёни нави ҳизбро шодбош мегӯем ва итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик баҳри тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор хоҳанд шуд.