Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
1 августи соли 2019 ба теъдоди марказҳои бонкии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" боз ду адад зам шуд. Ин навбат Маркази хизматрасонии бонк дар шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Айнӣ 287/1 ва маркази дигар дар шаҳри Ҳисор кӯчаи 60 солагии Ҳисор дар маркази савдои бозори марказии ш. Ҳисор дарҳои худро боз намуданд.
Зимни ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонӣ таъкид гардид, ки мақсади асосии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" васеъ намудани доираи фаъолият ва ба ин васила таъмини дастрасии осони сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. Акнун бо ифтитоҳи ин марказ, имконият ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ (интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ) барои шаҳрвандони кишар боз ҳам бештар гардида, дар баробари ин истифода аз имкониятҳои "Коммерсбонки Тоҷикистон" метавонанд дигар намуди хизматрасониҳоро саривақт ва фаврӣ анҷом диҳанд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!