Санаи 3 -юми майи соли 2019 Раиси Раёсати "Коммерсбонки Тоҷикистон" Кадыров Масрур Мақсудҷонович бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси ш.Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, мудири Шӯъбаи минтақавии БМТ дар ш.Хуҷанд Валиев Навруз Алиевич бинои нави Филиали ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро дар шаҳри Хуҷанд бо тантана ифтитоҳ гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд ҷомеаи меҳнатии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро бо бинои хушсифати муосир табрик гуфта таъкид намуд, ки ифтитоҳи бинои муосир дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон тӯҳфаи арзанда ба аҳолии шаҳр мебошад.
Зикр гардид, ки ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" шурӯъ аз соли 2017 фаъолият намуда, то имрӯз ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯ ва иқтидори худро барои дар сатҳи баланд расонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, беҳтар шудани низоми бонкӣ ва рушди иқтисодии мамлакат равона мекунад.
Қайд кардан лозим аст, айни замон Бонк зиёда аз 20 марказҳои хизматрасонӣ ва 6 филиалҳо дар Ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ва муосири бонкӣ ба мардум хизмат мерасонад. Филиали Бонк дар ш.Хуҷанд хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба аҳоли пешниҳод менамояд, масалан хизматрасонии нав ба монанди интернет- бонкинг ва бонкинги мобилӣ “Фаврӣ”, и инчунин қуттиҳои оҳанин (сейфовые ячейки) барои нигоҳдории арзишҳои мизочон.
ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар ин замина пайваста талош менамояд, то бо мардум ҳар чӣ бештар наздик бошад ва мизоҷон ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрасии қулай ва осон дошта бошанд. Ҳамзамон, таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойҳои кории доимӣ дар меҳвари фаъолияти “Коммерсбонки Тоҷикистон” қарор гирифта, иқтидори кории бонк меафзояд, маҳз аз ҳисоби занону бонувон.
Гуфта шуд, имруз дар минтақаи филиали ш.Хуҷанд 46 фоиз қувваи кории ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” – ро занони фаъол ташкил медиҳанд, ки дар рушди низоми бонкдорӣ саҳми худро мегузоранд.
Аз ҷониби Раиси Раёсати "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва директори филиал ба ҷомеаи меҳнатии бонк ва инчунин ба мизоҷони фаъоли бонк Сипоснома туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.