22 апрел ба теъдоди филиалҳои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" боз як адад зам шуд. Ин навбат Филиали Бонк дар шаҳри Турсунзода – маркази саноатии кишвар ва шаҳри калонтарини назди сарҳади бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз намуд.
Дар манотиқи мазкур то ин дам 4 маркази хизматрасонии бонкии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон", аз он ҷумла, дар шаҳри Турсунзода 2 маркази хизматрасонӣ, дар шаҳри Шаҳринав 1 марказ ва 1 маркази дигар дар ҷамоати Пахтаобод, фаъолият менамуданд. Бинобар ин, барои мутамарказ назорат намудани ин марказҳо, зарурати кушодани Филиали Бонк ба вуҷуд омад.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Раёсати ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ба Бонки миллии кишвар муроҷиат намуда, тибқи муқаррароти Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрели соли ҷорӣ барои оғози фаъолияти филиали ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳри Турсунзода розигӣ дода шуд.
Чуноне, ки зимни ифтитоҳи филиали нав таъкид гардид, мақсади асосии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" васеъ намудани доираи фаъолият ва ба ин васила таъмини дастрасии осони сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. Акнун бо ифтитоҳи ин филиал, назорат ва ҳамоҳангсозии марказҳои хизматрасонии Бонк дар манотиқи мазкур беҳтару хубтар гардида, хизматрасониҳои бонкӣ (интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ) барои бошандагони ин манотиқи кишвар ва шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, боз ҳам бештар мегардад.
Дар баробари ин, истифода аз имкониятҳо, Коммерсбонки Тоҷикистон метавонанд дигар намуди хизматрасониҳоро барои шаҳрвандони кишвар саривақт ва фаврӣ дастрас намояд.