25 апрели соли 2018, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ба аҳолӣ наздиктар шуда ва дар яке аз минтақаҳои сераҳолӣ ва тараққикардаистода бо суроғаи ш. Душанбе, маҳаллаи 112, кучаи Испечак 2 м10, дарҳои нуқтаи нави “Маркази хизматрасонии бонки”-ро боз намуд.
Акнун, аҳолии ин минтақа метавонанд, ки аз хизматрасониҳои рақобатпазири қарздиҳии тиҷорати хурд ва миёна, интиқоли маблағҳо тариқи низоми дохилии кишвар ва байналмиллалӣ, бонкинги фосилавӣ, технологияҳои пардохти ғайринақдӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии бонкӣ истифода баранд.