Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Санаи 16 июли соли равон бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, мудири Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Рашт Мустафо Ниёзов ва сардори Идораи хазинадории Бонк Хуршед Боқиев Маркази нави хизматрасонии бонкии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар ноҳияи Рашт бо тантана ифтитоҳ гардид.
Нуқтаи нави хизматрасонӣ дар ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 22 ҷойгир буда, бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон роҳандозӣ шуд. Дар марказ тамоми шароитҳои муфид баҳри хизматрасонии босифати мизоҷон фароҳам оварда шуда, мутахассисони соҳибтаҷриба омодаи хизмат ҳастанд.
Мақсади асосии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" васеъ намудани доираи фаъолият ва ба ин васила таъмини дастрасии осони сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. Акнун бо ифтитоҳи ин марказ, имконият ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ (интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ) барои бошандагони ин маҳалла боз ҳам бештар гардида, дар баробари ин истифода аз имкониятҳои "Коммерсбонки Тоҷикистон" метавонанд дигар намуди хизматрасониҳоро саривақт ва фаврӣ анҷом диҳанд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!