Кушодашавии МХБ дар маркази ноҳияи Шахритус.

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.

Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 25 сентябри соли равон, дар маркази ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар фазои  тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард.

Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.

Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.

Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 42 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Фархор,  Қубодиён ва шаҳраки Чептураи ноҳияи Шаҳринав барои хизматрасонӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар вақти охир, дарҳои худро Марказҳои хизматрасонии бонкии Коммерсбонк дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон, инчунин Рӯдакӣ ва Тоҷикобод кушоданд.  

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!