Кушодашавии МХБ дар ноҳияи Ҷабор Расулов вилояти Суғд

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.

Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 9 феврали соли равон, дар ноҳияи Ҷабор Расулов вилояти Суғд дар фазои  тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро кушод.

Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Маросимро муовини Раиси Раёсати Бонк Сангинов Далер ва муовини Раиси ноҳия Файзулло Қосими кушода, кормандони Марказ ва иштироккунандагонро бо оғози фаъолияти бонкӣ табрик намуданд.  

Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.

Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 51 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд.

Коммерсбонки Тоҷикистон – #Моҳамроҳ