Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Дар арафаи ҷашни 29-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ Маркази нави хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро кушод.
Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк, аз ҷумла, муовини Раиси Раёсати Бонк Тимур Ёрибек иштирок намуда, кормандони Марказ ва иштироккунандагонро бо оғози фаъолияти бонкӣ табрик намуданд. Ба кормандони Марказ дастур дода шуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ оиди баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, Коммерсбонки Тоҷикистон васеъ намудани зерсохторҳои худро ҷиҳати ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ идома дорад.
Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 38 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Шаҳритус, Қубодиён ва шаҳраки Чептураи ноҳияи Шаҳринав барои хизматрасонӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!