Кушодашавии МХБ дар ноҳияи Лахш.

Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!

 

Мо сарҳадоти хизматрасонии худро васеъ намуда истодааем. Имрӯз, 2 декабри соли равон, дар маркази шаҳраки ноҳияи куҳии Лахш дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард.

Яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон“ ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.

Дар маросими кушодашавии марказ Раиси ноҳия муҳтарам Бародзода Файзулло Раҷаб, кормандони масъули Раёсати Бонк ва истиқомандони ноҳия иштирок намуданд.

Воқеъаи мазкур истиқоматкунандагони ноҳияро хушҳол намуда, инчунин чанд нафар мутахассисони маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин кард ва барои ташкилоту муассисаҳои ноҳия дастрасиро ба хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ муҳаё намуд.

Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.

Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 46 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Нуробод, Айнӣ ва шаҳраки Новободи ноҳияи Рашт барои хизматрасонӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.

 

Коммерсбонки Тоҷикистон – #моҳамроҳ!