Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 15 сентябри соли равон, дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро кушод.
Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Маросимро муовини Раиси Раёсати Бонк Тимур Ёрибек кушода, кормандони Марказ ва иштироккунандагонро бо оғози фаъолияти бонкӣ табрик намуданд.
Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 39 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Тоҷикобод, Шаҳритус, Қубодиён ва шаҳраки Чептураи ноҳияи Шаҳринав барои хизматрасонӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!