Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Мо сарҳадоти хизматрасонии худро васеъ намуда истодааем. Имрӯз, 18 сентябри соли равон, дар маркази шаҳраки ноҳияи куҳии Тоҷикобод дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон“ ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.
Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати Бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва истиқомандони ноҳия иштирок намуданд. Дар маросим Муовини Раиси Раёсати Бонк Тимур Ёрибек баромад намуда, ҳозиринро бо оғози фаъолияти Маркази бонкӣ табрик намуд.
Воқеъаи мазкур истиқоматкунандагони ноҳияро хушҳол намуда, инчунин чанд нафар мутахассисони маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин кард ва барои ташкилоту муассисаҳои ноҳия дастрасиро ба хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ муҳаё намуд.
Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 41 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор, Қубодиён ва шаҳраки Чептураи ноҳияи Шаҳринав барои хизматрасонӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!