Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
17 июли соли 2019 дар мавзеи зебоманзари шаҳри Панҷакенти бостонӣ, вокеъ дар кӯчаи Рудакӣ маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дари худро барои мизоҷон боз намуд.
Дар маросими ифтитоҳ директори филиали ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд Асадов Асад иштирок намуда, ба фаъолият оғоз намудани нуқтаи нави хизматрасонии бонкиро барои кормандон ва мизоҷон табрик гуфт.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" кӯшиш дорад, ки фаъолияти худро боз ҳам фароҳ намуда, дастрасии бештари сокинонро ба хизматрасониҳои бонкӣ таъмин намояд - таъкид намуд А. Асадов.
Акнун бо ифтитоҳи маркази нави бонкӣ барои сокинони шаҳри Панҷакент низ хизматрасониҳои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дастрас шуд.
Лозим ба зикр аст, ки имруз марказҳои хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз қабили Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Панҷакент, Исфара фаъолият ва барои шаҳрвандон хизматрасониҳои мухталифи бонкиро пешниҳод мекунанд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!