Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 23 декабр соли равон, дар шаҳраки Дарбанд ноҳияи Нуробод дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард.
Дар маросими кушодашавии Марказ Раиси Бонки Милли минтакави Ниезов Мустафо, Муовини Раиси нохияи Нуробод Сирочов Махмадшох, Раиси дастгохи н.Нуробод Хисориев Зафарчон ва кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 47 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!