Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
20 июни соли 2019 боз як Маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ба фаъолият оғоз намуд. Ин навбат Маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе кӯчаи C. Шерозӣ 37/1 таъсис ёфт.
Маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" бо иштироки кормандони масъули Раёсати Бонк ифтитоҳ гардид. Чуноне, ки зимни ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ таъкид гардид, мақсади асосии ҶСК " Коммерсбонки Тоҷикистон" васеъ намудани доираи фаъолият ва ба ин васила таъмини дастрасии осони сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. Акнун бо ифтитоҳи ин марказ, имконият ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ (интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ) барои шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ боз ҳам бештар гардида, дар баробари ин истифода аз имкониятҳои "Коммерсбонки Тоҷикистон" метавонанд дигар намуди хизматрасониҳоро саривақт ва фаврӣ анҷом диҳанд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!