Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Санаи 7 июни соли равон боз як Маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар вилояти Суғд ифтитоҳ шуд. Нуқтаи нави бонкӣ дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Исфара вокеъ буда, хамакнун хизматрасониҳои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон", аз қабили интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ, кортҳои бонкӣ барои мизоҷони ин минтақа дастрас шуд.
Директори филиали ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд Асадов А.М. дар маросими ифтитоҳи маркази нав иштирок намуда, таъкид намуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон роҳандозӣ шуд. Гуфта шуд, ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои мизоҷон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мекунад.
Аз кормандони бонк даъват ба амал оварда шуд, ки ҷихати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ кӯшиш намуда, барои расонидани хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ масъулият эхсос намоянд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!