Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
Дар доираи Дурнамои қабулнамудаи Коммерсбонки Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ин васеъ намудани зерсохторҳои худ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани шахрвандони кишвар ба низоми бонкӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ мебошад.
Барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинигардида, 2 ноябри соли равон, дар шаҳри таърихии Панҷакенти вилояти Суғд дар фазои тантанавӣ Маркази хизматрасонии бонкии Коммерсбонки Тоҷикистон дарҳои худро боз кард. Бояд қайд намуд, ки ин дуюм МХБ Коммерсбонки Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дарҳои худро барои мизоҷон кушодааст.
Дар маросими кушодашавии Марказ кормандони масъули Раёсати бонк иштирок намуданд. Маркази хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ ҳамаи номгуи хизматрасониҳои бонкиро, аз ҷумла, интиқоли пулӣ, пешниҳоди қарз, бонкинги мобилӣ, пешниҳоди кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.
Маросими кушодашавии Марказ бо риояи қоидаҳо ва маслиҳатҳои табибон ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 гузашт.
Айни ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9 филиал ва 45 МХБ-ҳои Бонк фаъолият доранд. Коммерсбонки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ба наздики Марказҳои хизматрасонии бонкиро дар ноҳияҳои Нуробод, Лахш ва Қубодиён барои дастрас намудани хизматрасониҳои ҳозиразамони бонкӣ ба аҳолии манотиқи кишвар, ба истифода диҳад.
Коммерсбонки Тоҷикистон – #моҳамроҳ!