Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
22 июни соли 2019 ба теъдоди марказҳои бонкии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" боз як адад зам шуд. Ин навбат Маркази хизматрасонии бонк дар кӯчаи Исмоили Сомонии ш. Шаҳринав ба фаъолият оғоз намуд.
Маркази нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" бо иштироки муовини якуми Раиси Раёсат Раҷабов Э.Ҳ. ифтитоҳ гардид. Чуноне, ки зимни ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ роҳбарияти Бонк таъкид намуданд, мақсади асосии ҶСК " Коммерсбонки Тоҷикистон" васеъ намудани доираи фаъолият ва ба ин васила таъмини дастрасии осони сокинон ба хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. Акнун бо ифтитоҳи ин марказ, имконият ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ (интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳо, бонкинги мобилӣ) барои бошандагони ин маҳалла боз ҳам бештар гардида, дар баробари ин истифода аз имкониятҳои "Коммерсбонки Тоҷикистон" метавонанд дигар намуди хизматрасониҳоро саривақт ва фаврӣ анҷом диҳанд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!