Мақсади асосии мо – беҳбудии Шумо!
6 марти соли 2020 дар вилояти Хатлон, вокеъ дар ш, Бохтар, н. Балхӣ ва н. Вахш марказҳои нави хизматрасонии ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дари худро барои мизоҷон боз намуд.
Дар маросими ифтитоҳ директори филиали ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳри Бохтар Абдулваҳидов Шуҳрат иштирок намуда, ба фаъолият оғоз намудани нуқтаи нави хизматрасонии бонкиро барои кормандон ва мизоҷон табрик гуфт.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" кӯшиш дорад, ки фаъолияти худро боз ҳам фароҳ намуда, дастрасии бештари сокинонро ба хизматрасониҳои бонкӣ таъмин намояд - таъкид намуд Ш. Абдулваҳидов.
Акнун бо ифтитоҳи маркази нави бонкӣ барои сокинони ин шаҳр ва ноҳия низ хизматрасониҳои ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" дастрас шуд.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!