ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Маркази тамоси шабонарӯзӣ амалкунандаро оид ба масъалаҳои вируси "COVID-19", бо реҷаи кории 24/7 таъсис доданд.
Маркази тамоси мазкур дар бинои асосии ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” ҷойгир шуда бо тамоми таҷҳизоти лозима ва инфрасохтори дахлдор таъмини карда шудааст, ки дар он зиёда аз 30 нафар кормандони баландихтисоси тиб кор ва фаъолият намуда, ба аҳолӣ ёрии ихтисоснок дар шакли машваратҳо оиди нишонаҳои беморӣ, табобати он, ёрии тиббӣ ва дар маҷмӯъ маълумотҳои заруриро оид ба вируси "COVID-19" пешкаш менамоянд.
Қобили қайд аст, ки кормандони маркази тамос бо музди маоши баланд, 3 вақт хурокаи гарм ва бо нақлиёт, таъмин карда шудаанд. Ҳамаи хароҷотҳои вобаста ба фаъолияти марказӣ мазкурро ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" пурра ба души худ гирифтааст.
Барои гирифтани машварат ва кумаки тиббӣ ба рақами кутоҳи 311 занг занед!