Санаи 19 феврали соли равон дар бинои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз тарафи кормандони ҶСК,,Коммерсбонки Тоҷикистон" дар филиали Ҳисор вохӯрӣ бо мизоҷон ва соҳибкорони фаъол аз рӯи маҳсули қарзии "Volip" барпо гардид.
Мутахассисони фурӯши маҳсулоти бонкӣ Шарифзода Фирдавс ва Солиев Дилшод оиди маҳсули Volip презентацияи худро пешкаш намуданд. Ҳадаф аз гузаронидани вохӯрӣ дастгирӣ намудани занҳои лаёқатманд, ки бо ҳунарҳои мардумӣ дар хона машғуланд ва инчунин дастгири намудани соҳибкорони инфиродӣ буд . Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Абдулозода Умеда , масъулини шӯъбаи кор бо занон инчунин роҳбари маркази таълимии калонсолони шаҳри Ҳисор Носиров Раҳматулло ва зиёда аз 160 нафар ҳунармандони мардумӣ ,ки 80 фисадро занҳо ташкил медод ҳузур пазируфтанд. Директори филиали ҶСК" Коммерсбонки Тоҷикистон" дар шаҳи Ҳисор Одинаев Ҷамшед Маҳмадулоевич ҳозиронро барои суоли ҷавоб ва таклифу пешниходхои судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда вохӯриро ҳусни анҷом бахшид.